Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Огоҳӣ аз хаёли худам бениёз кард,

Огоҳӣ аз хаёли худам бениёз кард, Худро надид оина, то чашм боз кард. Наъли ҷаҳон дар оташи фикри саломат аст, Он шуъла орамид, ки машқи гудоз кард. Чун оҳ гарди раҳгузари ноумедиям, Ҳар кас зи по нишаст, маро сарфароз кард. Ку заҳмати фироқу кадом инбисоти васл? З-ин ҷавр ончи кард ба мо, имтиёз кард. Кулфатзудои кинаи дилҳо тавозуъ аст, З-ин теша метавон гираҳи санг боз кард. Ҳайрат муқими хонаи оина асту бас, Натвон ба рӯи мо дари дилҳо фароз кард. Доғам зи сояе, ки ба тавфи суҷуди ӯ Пойи талаб зи нақши ҷабини ниёз кард. Шобат қиёму шайб рукуъу фано суҷуд, Дар ҳастию адам натавон ҷуз намоз кард. З-ин гулситон ба ҳайрати шабнам расидаем, Бояд даре ба хонаи хуршед боз кард. Дар парда буд сурати мавҳуми ҳастиям, Оинаи хаёли ту ифшои роз кард. Бар зиндагист бори гаронҷониям ҳанӯз, Қадди дуто маро хами абрӯи ноз кард. Гоме набуд беш раҳи мақсади фано, Ин риштаро нафас ба кашокаш дароз кард. Маънинамои чеҳраи мақсуд нестист, Бедил, маро гудохтан оинасоз кард.