Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ИНТИЗОР

Хаёли омаданат дишабам ба сар мезад, Наёмадӣ, ки бинӣ дилам чӣ пар мезад? Ба хоб рафтаму нилуфаре бар об шукуфт, Хаёли рӯи ту нақше ба чашми тар мезад. Шароби лаъли ту медидаму дилам мехост, Ҳазор васвасаам чанг дар ҷигар мезад. Зиҳӣ, умед, ки коме аз он даҳон меҷуст, Зиҳӣ, хаёл, ки дасте дар он камар мезад. Даричае ба тамошои боғ во мешуд, Дилам чу мурғи гирифтор болу пар мезад. Тамоми шаб ба хаёли ту рафту медидам, Ки пушти пардаи ашкам сапеда сар мезад.