Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ёрон, дар ин биёбон аз мо асар маҷӯед,

Ёрон, дар ин биёбон аз мо асар маҷӯед, Гумгаштагисуроғем, моро дигар маҷӯед. Ранге к-аз ин чаман ҷаст, бо ҳеҷ гул напайваст, Гарди хироми фурсат аз ҳар гузар маҷӯед. Чун шамъ шарми мақсад бар хок дӯхт мижгон, Сар рафта-рафта по шуд, з-ин бештар маҷӯед. Хиффат зи каффаи мо меъроҷи бевиқорист, Худсанҷи инфиолем, санг аз шарар маҷӯед. Дар пирӣ аз сари ҳирс мушкил бувад гузаштан, З-ин теғи зангфарсуд об он қадар маҷӯед. Поро ҷудо зи доман тамкин чӣ эҳтимол аст? Дар хона ончи гум шуд, беруни дар маҷӯед. Ҳар ҷо нафас фурӯ монд, бар дил фитод бораш, Гум гаштани пайи мавҷ ҷуз дар гуҳар маҷӯед. Ранги паридае ҳаст фурсаткамини ваҳшат, Парвози мақсади мо з-ин болу пар маҷӯед. Бе дастгоҳи таҳқиқ пуч аст нози фитрат, Гар мағзи маъние нест, ҷуз мӯ зи сар маҷӯед. Ақлу далоили илм помоли барқи ишқанд, Шабро ба шамъу машъал пеши саҳар маҷӯед. Ҷое ки яъси Бедил нолад зи бенавоӣ, Нам аз мижа махоҳед, оҳ аз ҷигар маҷӯед.