НОЛАЕ БАР ҲИҶРОН
Гул меравад аз бӯстон булбул зи чӣ хомӯшӣ?
Вақт аст, ки дил з-ин ғам бихрошию бихрӯшӣ.
Эй мурғ, бинол, эй мурғ, омад гаҳи нолидан,
Гул месупурад моро дигар ба фаромӯшӣ.
Оҳ, эй дили нохурсанд, дар ҳасрати як лабханд,
Хуни ҷигарам то чанд менӯшиву менӯшӣ?
Месӯзаму механдам, хушнудаму хурсандам,
То сӯхтанам чун шамъ мехоҳиву мекӯшӣ.
Ту обию ман оташ, васли ту намехоҳам,
Ин сӯхтанам хуштар аз сардию хомӯшӣ.