Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ман чу дар гӯр-дарун хуфта ҳамефарсоям

Ман чу дар гӯр-дарун хуфта ҳамефарсоям, Чу биёйӣ ба зиёрат, сара берун оям! Нафхи сури маниву маҳшари ман, пас чӣ кунам?! Мурдаву зинда бад-он ҷо, ки туйӣ, он ҷоям! Масали нойи ҷамодему хамуш бе лаби ту, Чи навоҳо занам он дам, ки даме дарн-оям?! Чун наёбам маҳи рӯят, сари худ мебандам, Чун наёбам лаби нӯшат, кафи худ мехоям!
Ман чу дар гӯр-дарун хуфта ҳамефарсоям | Шоирон