Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дидан ҳама касрову надидан – назари мост,

Дидан ҳама касрову надидан – назари мост, Чидан ҳама гулрову начидан – самари мост. Бори ҳама айём кашидан ба сари дӯш, Бори дили худро накашидан – ҳунари мост. То манзили хуршед расидан ба муҳобо, Бар манзили мақсад нарасидан – сафари мост. Нодида, надониста давидан ба сӯи уфқ, Аз худ қадаме ҳам нараҳидан – зафари мост. Дар ишқ ба сад лоф тапидан зи ғами ёр, Дар хуни дили худ натапидан – асари мост.