ЗАБОНИ ТОЗИЁНА
Аё, Ватан, ки синаам
Пур аст аз ҳавои ту,
Дилам ҳанӯз метапад,
Ба ёди кӯчаҳои ту.
Агарчи шод шуд дилам,
Ки дар баҳои хуни рафтагон
Зи чанги Аҳриман раҳо шудӣ,
Вале чу пури Зол ногаҳон
Асири дасти девҳо шудӣ.
Ватан!
Маро бибахш,
Ман хиҷолатам,
Ки бар фарози қуллаҳо ситодаам,
Ва лаҳзаҳои маргбору шуми ҳастии туро,
Зи дурдастҳо нигоҳ мекунам.
Агарчи шарми лаҳзаҳои аз ту дур зистан,
Тани фасурдаи маро зи хиҷлат об мекунад.
Ва ин хаёл,
Тору пуди ҳастии маро,
Чу кӯчаҳои ғамрасидаат хароб мекунад,
Вале қасам ба гӯри модарам,
Ба чини ғуссае, ки нақш баста бар ҷабини хоҳарам,
Ба ҳар чӣ дида боз мекунам,
Туӣ ҳамеша дар баробарам,
Ҳар ошён, ки бар фарози шохсори ту хароб мешавад,
Маро хароб мекунад,
Дилам хароб мешавад...