Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

То ба олам ранги бунёди таманно рехтанд,

То ба олам ранги бунёди таманно рехтанд, Гарди моро, чун нафас, дар роҳи дилҳо рехтанд. Вопасӣ з-ин корвон чандин надомат бор дошт, Ҳар кӣ рафт аз пеш, хокаш бар сари мо рехтанд. Ганҷи гавҳар шуд дили қавме, ки аз шарми талаб Обрӯ дар домани худ ҳамчу дарё рехтанд. Мотами матлаб ғуборангези чандин ҷустуҷӯст, Орзу то хонавайрон гашт, дунё рехтанд. Сурати вомондагон оинаи дигар надошт, Аҷзи мо бепарда шуд, нақши кафи по рехтанд. Қотили мо, чун саҳар, домони ноз афшонду рафт, Хуни мо чун гул ҳамон дар домани мо рехтанд. Айши ин маҳфил намеарзад ба андӯҳи шикаст, Бедимоғон ҳам ба табъи санг мино рехтанд. Инфиоли орамидан баски обам мекунад, Сел ҷӯшид аз кафи хокам, ба ҳар ҷо рехтанд. Ҳайрати оинаам, бо имтиёзам кор нест, Сурати бунёдам аз чашми тамошо рехтанд. Ин гулистон қобили наззораи улфат набуд, Обрӯи шабнами мо сахт беҷо рехтанд. Бедил, аз доми шикасти дил гузаштан мушкил аст, Резаи ин шиша дар ҷавлонгаҳи мо рехтанд.