Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ШАҚОИҚИ ХУНИН

Дастагуле ба мазори хонум Фахрия Калбосӣ Сабо, эй пайки муштоқон, саломамро ба Эрон бар, Ба дорулмулки исломӣ паём аз кофаристон бар. Бикун пур доманатро аз гулобу наргису насрин, Ба Шерозу ба Кирмону ба Табрезу ба Теҳрон бар. Ба Пири Тус аввал арзи одобе ба ҷо овар, Пас он гаҳ дастаи гулҳо ба Саъдии сухандон бар. Ба Табрез ар ҷаноби Шамсро дидӣ тавофаш кун, Ба Хоҷу низ як доман гули тарсӯи Кирмон бар. Аз он пас аз хароботи муғон пур кун сабӯятро, Ба базми Хоҷаи Шероз, он сархайли мастон бар. Сипас баргард бар хоки абиромези Калбосӣ, Шақоиқҳои хунине аз ин овора афғон бар. Ба барги лола хокашро бипӯшон аз сари таъзим, Равони тобнокашро таҳиёти фаровон бар. Саломе тозатар аз ғунчаҳои субҳи фарвардин, Дуруде шустатар аз гул ба он покизадомон бар. Ба он соқӣ, ки ёронро шароби маърифат медод, Ба он шамъе, ки равшан буд аз вай ин шабистон бар. Ба он хоҳар, ки дар будаш камоле дошт базми мо, Ба он гавҳар, ки марг аз мо рабуду кард пинҳон бар. Бигӯ рафтию ёронро дар ин дӯзах раҳо кардӣ, Кунун ёди муҳибонро ба ҳамроят ба ризвон бар. Ба зери сояи тӯбо чу аз ранҷи сафар растӣ, Зи ман кӯтоҳ паёме бар ҳузури поки Яздон бар. Бигӯ: Парвардигоро! Меҳрубоно! Холиқо! Раббо! Ба соҳил киштии дунё аз ин ошуфта тӯфон бар. Раҳо кун ё гиребони башар аз панҷаи иблис, Ва ё бечора Одамро, магӯ, дигар, ки фармон бар. Калиди боғи ҷаннатро ба хаффошони дин маспор, Ҳудуди одамиятро бурун аз куфру имон бар.