Номам ҳаваси нигин надорад,
Номам ҳаваси нигин надорад,
Назмам чу нафас замин надорад.
Ҳиммат чӣ фарозад аз такаллуф?
Домони сипеҳр чин надорад.
Ҳастӣ ҷуз шубҳа нест, лекин
Бар шубҳа касе яқин надорад.
Дар табъи лаим шарми кас нест,
Хиссат арақи ҷабин надорад.
Ҳарчанд ба доманаш бикӯшӣ,
Дасти карам остин надорад.
Дарди ватан аз шикасти дил пурс,
Чинӣ ҷуз мӯ зи Чин надорад.
Ҳар сӯ назар афканӣ, асирем,
Сайёдии мо камин надорад.
Худ хасми худем, варна, гардун
Бо халқи заиф кин надорад.
Айшу алам аз ту пеш рафтаст,
Фурсат дами вопасин надорад.
Мову ту хароби эътиқодем,
Бут кор ба куфру дин надорад.
Таъдод ба олами аҳад нест,
«Ӯ» дар ҳар ҷост, «ин» надорад.
Ҳар ҷилва ки ногузири ӯӣ,
Хоҳӣ дидан, «бибин» надорад,
Шавқест таронасанҷи фитрат,
Бедил сари офарин надорад.