ТӮЙИ ПАХТАЗОР
Об ҷорӣ мешавад дар ҷустуҷӯйи пахтазор,
Сабз мегардад зи оби сард ҷӯйи пахтазор.
Қатраҳо якҷоя гашта рӯд савғо мекунанд,
Рӯд орад муждаи ҳосил ба сӯйи пахтазор.
Тирамоҳ ояд агар, оянд мардум саф зада,
Аз барои чидани пахта ба тӯйи пахтазор.
Дар саҳаргоҳон дурахшон аст чун лӯълӯи тар
Шаддаҳои донаи шабнам ба рӯйи пахтазор.
Вақти гул гардад ба гирди пахта занбӯри асал,
Беҳтар аз ӯ кас надонад рангу бӯйи пахтазор.