Умр гузашту ҳамчунон доғи вафост зиндагӣ,
Умр гузашту ҳамчунон доғи вафост зиндагӣ,
Заҳмати дил куҷо барем, обилапост зиндагӣ?
Ҳар чӣ дамид аз саҳар, дошт зи шабнаме асар,
Дархури шӯхии нафас ғарқи ҳаёст зиндагӣ.
Охири кори худсарӣ нест ба ғайри инфиол,
Рафт шабобу ин замон қадди дутост зиндагӣ.
Дил ба забон намерасад, лаб ба фиғон намерасад,
Кас ба нишон намерасад, тири хатост зиндагӣ.
Партаве аз гудози дил баста раҳи хироми шамъ,
З-ин кафи хуни нимранг побаҳиност зиндагӣ.
То нафас ояти бақост, нола камини муддаост,
Дуди диле баланд кун, дасти дуост зиндагӣ.
Аз ҳама шуғл хуштар аст санъати айбпӯшият,
Пина ба рӯи ҳам бидӯз, далқи гадост зиндагӣ.
Як-ду нафас хаёл боз, риштаи шавқ кун дароз,
То абад аз азал битоз, мулки Худост зиндагӣ.
Хоҳ навои роҳатем, хоҳ танини кулфатем,
Ҳар чӣ бувад, ғаниматем, савту садост зиндагӣ.
Шӯри ҷунуни мовуман ҷӯши фунуни ваҳму зан
Вақфи баҳори зиндагист, лек куҷост зиндагӣ?
Ҷуз ба хамӯшӣ аз ҳубоб сарфаи офият кӣ дид?
Эй нафас, он қадар мабол, тангқабост зиндагӣ.
Бедил, аз ин сароби ваҳм ҷоми фиреб хӯрдаӣ,
То ба адам намерасӣ, дурнамост зиндагӣ.