РАНГИ АСЛӢ
Кош ман шоир намебудам,
То чу ҳар бинандаи дигар
Аз канори лаккаҳои хуни инсон
Бе тафовут мегузаштам.
Кош бо ҳар хандае аз ҷо намерафтам,
Кош бо ҳар гиряе ғамгин намегаштам.
Кош ман шоир намебудам,
То туро, эй зиндагӣ,
Бо тамоми зиштию олудагиҳоят намедидам.
Дар ту ҳар чизе, ки бинам,
Ҳолае аз ҳилла дорад.
Ҳеч чизе,
Содиқона хешро зоҳир намесозад.
Ҳеч ранге,
Ранги аслӣ нест.
Гарчи мегӯянд:
Ҳастӣ, дар нигоҳи жарфи шоир,
Шеъру оҳанг аст.
Лек ман мебинам охир
Зиндагӣ ранг асту найранг аст.