Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дида хун гашту хун намехусбад

Дида хун гашту хун намехусбад, Дили ман аз ҷунун намехусбад. Мурғу моҳӣ зи ман шуда хира, К-ин шабу рӯз чун намехусбад?! Пеш аз ин дар аҷаб ҳамебудам, К-осмони нагун намехусбад?! Осмон худ кунун зи ман хира-ст, Ки чаро ин забун намехусбад?! Ишқ бар ман фусуни аъзам хонд, Ҷон шунид он фусун, намехусбад! Ин яқинам шудаст пеш аз марг, К-аз бадан ҷон бурун намехусбад. Ҳин, Хамуш кун, ба асл роҷиъ шав, Дидаи роҷиъун намехусбад!