Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҲАСТ, ЭЙ СОҚӢ

Шукуҳи ҷоми ҷаҳонбин шикаст, эй соқӣ! Намонд ҷуз ману чашми ту маст, эй соқӣ! Мани шикастасабӯ чора аз куҷо ҷӯям, Ки санги фитна сари хум шикаст, эй соқӣ!? Сафои хотири дурдикашон бибин, ки ҳанӯз, Зи доманат накашиданд даст, эй соқӣ! Зи ранги хуни дили мо, ки обрӯи ту буд, Чӣ нақшҳо, ки ба дил менишаст, эй соқӣ! Дар ин ду дам мададе кун магар, ки баргузарем, Ба сарбаландӣ аз ин дайри паст, эй соқӣ! Шабе, ки соғарат аз май пур асту вақт хуш аст, Бизан ба шодии ин ғампараст, эй соқӣ! Чӣ хун, ки меравад ин ҷо зи пои хаста ҳанӯз, Магӯ, ки марди раҳе нест, ҳаст, эй соқӣ! Раво мадор, ки пайваста дилшикаста бувад, Диле, ки Соя ба зулфи ту баст, эй соқӣ!