ОФАРИН, ДИЛ!
Офарин, дил, занги аввалро надодастӣ ҳанӯз,
Дар мақомат бе танаффус истодастӣ ҳанӯз,
Мехурӣ ғамҳои оламрову шод астӣ ҳанӯз,
Андаруни оташӣ, оҳанниҳодастӣ ҳанӯз.
Сӯхтан дорӣ, вале бедуд месӯзӣ ҳанӯз,
Маҳфилеро аз шуои хеш афрӯзӣ ҳанӯз,
Меравӣ тозон чу мактаббачагони синфи як,
Зиндагиро аз алиф сар карда омӯзӣ ҳанӯз.
Сабр кун, то тай кунам як парча роҳи дигаре,
То ба фардоям намоям як нигоҳи дигаре,
То ниҳам бори дигар сар бар сари зонуи ёр,
Гарчи бошад баҳри ман ин ҳам гуноҳи дигаре.
Сабр кун, гирам лаҷоми вақтро бори дигар,
То гузорад бар замин пои ман осори дигар,
Сабр кун, то дар ҳузури дӯст шабҳои дароз
Ҳарчи мехоҳӣ, кунам аз номат изҳори дигар.
Сабр кун, то сер бинад чашми ман рӯи замин,
То барам бо хеш чун атри кафан бӯи замин.
Сабр кун, гардад парешон ҳар саҳар дар гирди мо
Шуълаи хуршед чун заррина гесӯи замин.
Сабр кун,
Вақти танаффус нест,
Дил, занге мазан,
Шишаро чун баччаҳои шӯх бар санге мазан.
Сабр кун, нохун ба тори нозуки чанге мазан,
Сар ба девори қафас дар синаи танге мазан.
Асп рон, аз наъли аспи ту шарор ояд бурун,
Асп рон, чанги замин беихтиёр ояд бурун.
Асп рон, бо оҳувон аз чашмасорон об нӯш,
Чашмаро бингар, чӣ сон аз кӯҳсор ояд бурун!