Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай дил, фурӯ рав дар ғамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ

Ай дил, фурӯ рав дар ғамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ, То рӯ намояд марҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Чандон фурӯ хур андуҳон, то пешат ояд ногаҳон, Курсиву арши аъзамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Хандон шав аз нури ҷаҳон, то ту шавӣ сури ҷаҳон, Эмин шавӣ аз мотамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Боре, дилам аз марду зан барканд миҳри хештан, То ишқ шуд холу амаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Гар сина ойина кунӣ, бе кибру бе кина кунӣ, Дар вай бибинӣ ҳар дамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Чун осмон гар хам диҳӣ, дар амри фармон вораҳӣ, З-ин осмону аз хумаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Ҳам биҷҳӣ аз мову манӣ, ҳам девро гардан занӣ, Дар даст печӣ парчамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Иқбол хеш ояд туро, давлат ба пеш ояд туро, Фаррух шавӣ аз мақдамаш, ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Девест дар асрори ту, к-аз вай нагун шуд кори ту, Барбанд ин дам муҳкамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Дорад Худо хуш оламе, мангар дар ин олам даме, Ҷуз ҳақ набошад марҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ. Хомуш баёни сир макун, хомуш, ки сирри мин ладан, Чун мезанад андар ҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.