Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

РӮДИ МАН

Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон, Сарзаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон, Даври ман даври ҳунар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон. Дидаю дил пуршарар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон. Осмон дар синаи ту аксандозӣ кунад, Бо ҷамоли ту ситора шӯхию бозӣ кунад, Оламеро ҳусни ту аз хештан розӣ кунад, Моҳи гардун дар дили шаб гарданафрозӣ кунад. Медавӣ дар кӯҳсору сар ба сангон мезанӣ, Уштури мастӣ магар, ҳар сӯй ҷавлон мезанӣ? Даст бар сар мӯхарошон, рӯхарошон мезанӣ, Қатраҳои сардро бар кӯҳсорон мезанӣ. Дар канорат то саҳаргаҳ ҷой кас гирад, хуш аст, Бо нигоре домани ишқу ҳавас гирад, хуш аст, Ҷои сабза давра дар болои хас гирад, хуш аст, Фориғ аз кори ҷаҳон як дам нафас гирад, хуш аст. Тезтар, бурротар обат аз дами шамшер ҳам, Софтар аз оби чашми тифли бетақсир ҳам. Пурҷилотар аз рухи хуршеди оламгир ҳам, Тундтар аз бод ҳам, аз бодпо нахчир ҳам. Як назар кун, рӯди ман, атрофи ту тағйир ёфт, Аз дами ту дашти бирён чораву тадбир ёфт, Гарчи бепарво дили ман раҳ ба сӯят дер ёфт, Ҳарчи бошад, ҳусни ту дар шеъри ман тасвир ёфт. Боз мебинам, ки, рӯдам, ту ҳамон астӣ, ҳамон, Пеши ту ман дар суҷудам, ту ҳамон астӣ, ҳамон, Дил ба рӯят ман кушудам, ту ҳамон астӣ, ҳамон, Гӯш нокарда сурудам ту равон астӣ, равон…