Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Хориҷи абнои ҷинс аст, он ки мавзун мешавад,

Хориҷи абнои ҷинс аст, он ки мавзун мешавад, Қатра чун гардад гуҳар, аз баҳр берун мешавад. Бо ҳама афсурдагӣ, гар роҳи фикре во кунем, Ҷайби мо хумхонаи ҷӯши Фалотун мешавад. Шабнаму гул ғайри расвоӣ чӣ дорад, з-ин чаман? Гиряи бедардие бо ханда мақрун мешавад. Хонадорӣ дигару саҳронавардӣ дигар аст, Тоби дилтангӣ надорад, он ки Маҷнун мешавад. Аз ҷунуни карруфар бар чарх мафрозед сар, Ин садои кӯҳ охир гарди ҳомун мешавад. Бо кафан созед пок олоиши нанги ҷасад, Ҷома чун шуд шухгин,294 муҳтоҷи собун мешавад. Саъд агар хонӣ, чӣ ҳосил тинати манҳусро?295 Ҳамчунон масх аст, агар бӯзина маймун мешавад. З-ин ғаноҳо ончи хоҳӣ, аз сафои дил талаб, Чун ба сайқал мерасад оина, Қорун мешавад. Бе такаллуф нест мавқуфи ду мисраъ вазъи байт, Чун ду дар марбути ҳам шуд, хона мавзун мешавад. Бар сарам гар соя афтад з-он ҳинои нақши по, Чун баҳор, аз сояи ман хок гулгун мешавад. Ҷаҳдҳо бояд, ки ҷоме з-ин чаман орӣ ба даст, Об то гул ҳар қадам ранге дигар хун мешавад. То каят қулқулнавоиҳои оҳанги шабоб? Эй ҷунунпаймои ғафлат, шиша ворун мешавад. Бедил, ашъори ман аз фаҳми касон пӯшида монд, Чун иборат нозук афтад, ранги мазмун мешавад.