Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ГАҲВОРАИ БОРОНА*

Мамнуни дили ошиқу девонаи хешам, К-аз ҳиммати ӯ дар бари ҷононаи хешам. Ҷононаи ман Кобулу захмест, ки бо меҳр Парварда ба гаҳвораи Боронаи хешам. Ҷодугари ғурбат ба сад афсонаю афсун, Якчанд кашонид ба завлонаи хешам. Инак, ба дари пири харобот расидам, То маст кунад аз маю майхонаи хешам. Гар кохнишинон зи ман аҳвол биҷӯянд, Гӯед, ки ман шод ба вайронаи хешам. Осудатар аз тахти зарандуди салотин, Дар сояи девори ғарибонаи хешам. Хору гули ин боғ шиносанд садоям, Ман тоири баргашта ба кошонаи хешам. *Борона- маҳаллаест дар шаҳри Кобул, зодгоҳи шоир.
ГАҲВОРАИ БОРОНА* | Шоирон