Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ВАФОТ ЁФТАНИ МОДАРИ СИЁВУШ

Ба фармони шаҳ чун басечид кор, Бирафт аз ҷаҳон модари шаҳрёр. Сиёвуш зи гоҳ андаромад чу дев, Баровард бар чархи гардон ғирев. Ба тан ҷомаи хусравӣ кард чок, Ба сар-бар пароканд торик хок. Ҳаме буд бо сӯги модар дижам, Ҳаме кард бо ҷони ширин ситам. Басе навҳа кардаш ба рӯзу ба шаб, Басе рӯз накшод бар ханда лаб. Ҳаме буд як моҳ бо дарду доғ, Намеҷуст як дам зи андуҳ фароғ. Аз он чун бузургон хабар ёфтанд, Ба пеши Сиёвахш биштофтанд. Чу Тусу Фарибурзу Гударзу Гев, Чи шаҳзода, чи паҳлавонони нев. Сиёвуш чу рухсори эшон бидид, Зи дил боз оҳи дигар баркашид. Зи нав гиряи дигар оғоз кард, Дари андуҳони дилаш боз кард. Чу Гударз он сӯги шаҳзода дид, Дижам шуд, чу он сарви озода дид, Бихарҷиду гуфташ, ки «Эй шоҳзод, Шунав панду аз нав макун сӯг ёд, Ҳар он кас, ки зод ӯ зи модар, бимурд, Зи дасти аҷал ҳеч кас ҷон набурд. Кунун гарчи модар-т шуд ёдгор, Ба минӯст ҷои вай, андуҳ мадор». Ба сад лобаву панду афсуну рой Дил овард шаҳзодаро боз ҷой.