Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

МАДҲИЯИ ДИЛ

Ҳалолат бод, эй дил, ҳар замон, эй дил, ҳалолат бод! Ба чанги ин ҳама дарду ғамон, эй дил, ҳалолат бод! Замину осмон гӯӣ ду санги осиё бошанд, Миёни ин ду санги беамон, эй дил, ҳалолат бод! Хаёлам гардиши хуни ту бошад гардиши гардун, Ба зери гунбади ҳафт осмон, эй дил, ҳалолат бод! Ба рӯи бори ту сарбор сад кӯҳи гарон монданд, Кашидӣ бори милён корвон, эй дил, ҳалолат бод! Таҳаммул кардӣ гарму сардро чун санги кӯҳистон, Тапидӣ, хун шудӣ рӯзу шабон, эй дил, ҳалолат бод! Фасурдӣ, сӯхтӣ, афрӯхтӣ, то хуш даме ёбӣ, Наёсудӣ зи дасти дилбарон, эй дил, ҳалолат бод! Ба ҳаққи он ҳама уммеду армонҳои ширинат Чашидӣ талху шӯрии замон, эй дил, ҳалолат бод! Зи милён гардана бо гардани нашкаста бигзаштӣ Ба ҷои он ҳама гарданкашон, эй дил, ҳалолат бод! Гаҳе аз ман, гаҳе аз ҷабри ман вораста бигзаштӣ Зи бархурди касону нокасон, эй дил, ҳалолат бод! Агар сад бор ҳам бишкастӣ, бишкастӣ ҳароина Чу дар оина тасвири ҷаҳон, эй дил, ҳалолат бод! Агарчи хонаатро ҳар нафас вайрона месозанд, Туӣ аз бекарон то бекарон, эй дил, ҳалолат бод! Ту заҳматкаштарин аҳли ҷаҳонӣ, аршу фарш аз туст, Вале беқадрӣ мисли муфлисон, эй дил, ҳалолат бод!