Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ҷӯра

Ҷӯра фақат ҷӯра нест, Ҷӯра бародари ман, Ҷӯра ҷӯраи ҷонист, Ҷӯра тоҷи сари ман. Бо Ҷӯра мактаб оям, Бо Ҷӯра пода поям, Ӯба ману ман баӯ Диламро мекушоям. Мо ҳамсинфу ҳампарта, Аҳди ҷӯрагӣ бастем, Як қ авлу як қарор аст Моро, ҳар ҷо ки ҳастем. Ҷӯра баҳо надорад, Ҷӯра не, ҷони одам, Чун ҷӯрагии мо нест Дар ҳама рӯйи олам… Ду ҳафта шуд, ки беӯ Дар деҳ тани танҳоям, Ҳар рӯзи рафта соле Метобад аз бароям. Ҷӯра ба шаҳри Роғон Пеши додояш рафта, Ӯрафтаву раҳпоям Ман тамоми ду ҳафта. Ҷӯраҷон, ҷӯраи хуб Барои кас даркор аст: Ҷӯра ҷони ману туст, Беҷӯрагӣ душвор аст!

Китобҳои муаллиф