Деҳи Мо Ҷойи Кор Аст
Деҳа надорад ором
Аз субҳ то дари шом.
Кори деҳа бисёр аст,
Дасти ҳама ба кор аст:
Яке сӯйи пуштаҳо
Рамаро барад чаро;
Об яке мемонад,
Тут яке таконад;
Пухтаст донаи ҷав,
Яке машғули дарав;
Яке бар тори ғарам
Банди нав мекунам зам;
Яке хирман мекӯбад,
Яке хирман мерӯбад;
Яке каҳ мекашонад,
Яке замин меронад;
Яке монад забаррав
Бар чӯби хонаи нав;
Яке ҷома медӯзад,
Яке сабақ омӯзад…
Кори деҳа бисёр аст,
Деҳи мо ҷойи кор аст.
Касе агар бекор аст,
Азӯ ҳама безор аст.
