Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Мушкил Бувад?

Хуб аст, агар чӯпон шавӣ, Пайванди кӯҳистон шавӣ. Аз пуштае бар пуштае Пушти рама гардон шавӣ. Дар соҳиле, дар теғае Шаб монию меҳмон шавӣ. Хушдил шавӣ аз бӯйи ишм, Маст аз дами торон шавӣ. Чӯпон шудан Коре магар мушкил бувад? Хуб аст бошӣ боғбон, Боғе барои одамон Барпо кунӣ, Аз мевааш Бо меҳр монӣ рӯйи хон. Гӯянд мардум офарин, Ширин шавад вақте даҳон. В-ин боғ бар авлоди ту Аз ту бимонад чун нишон. Бонии боғ Коре магар мушкил бувад? Хуб аст, чун деҳқон агар Саҳро равӣ вақти саҳар. Кишти ҷаву гандум кунӣ, Аз киштаат гирӣ самар. Пур суфраҳо аз нон шаванд, Гарданд рӯҳо сурхтар. Аз худ намонад гушнагӣ Дар ҳеҷ маъвое асар. Деҳқон шудан Коре магар мушкил бувад? Хуб аст, агар дар рӯзгор Меъмор бошию қатор Тарҳ афканӣ бо сад ҳавас Бар хонаҳои зебдор.

Китобҳои муаллиф