Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хоки пойи дӯстон шуд тӯтиёи дидаи ман,

Хоки пойи дӯстон шуд тӯтиёи дидаи ман, Ҷойи пойи дӯстдорон бод ҷойи дидаи ман. Дар ҳавоят ашкрезонам, биё, биншин ба чашмам, Бас хушу хуррам бувад обу ҳавои дидаи ман. Шуд сафед аз интизор охир ду чашмам, ёр н-омад, Менигар, косасиёҳии гадои дидаи ман. Об ҷорӣ шуд зи чашмам он қадар, шуд лой роҳаш, Ёр воқиф не ҳанӯз аз моҷарои дидаи ман. Васлро аз шавқу ҳиҷронро зи ғам дар гиря бошам, Кам нагашта об дар сайфу шитои дидаи ман. Дидаам бенур шуд, э боди субҳ, имшаб, Худоро, Гарде аз кӯяш расон, гарде барои дидаи ман. Хуни дил ёрӣ ба оби чашм дод имшаб ба гиря, Ҷуз дили ман нест, Айнӣ, ошнои дидаи ман.