Нозанино, бари ағёр намебояд буд,
Нозанино, бари ағёр намебояд буд,
Гулрухо, ҳамнафаси хор намебояд буд.
Завқ аз хуни ҳавохоҳ намебояд кард,
Шод аз мурдани ғамхор намебояд буд.
Рӯзи ман ҳамчу шаби тор намебояд сохт,
Шамъи ҳар ҷамъи сияҳкор намебояд буд.
Ин ҳама дар раҳи бедод намебояд рафт,
Ин қадар бар сари озор намебояд буд.
Лутф бар ошиқи бечора ҳаме бояд кард,
Шӯхи бебоки ситамгор намебояд буд.
Лоиқи рӯйи наку хӯйи наку бояд дошт,
Инчунин арбадакирдор намебояд буд.
Ҳар куҷо ҷилвакунон маст намебояд рафт,
Фитнаи ҳар сари бозор намебояд буд.
Ҷони ман, муниси ағёр намебояд гашт,
Ғофил аз ҳоли мани зор намебояд буд.
Аз шарори ситам аҳбоб намебояд сӯхт,
Гармии суҳбати ашрор намебояд буд.
Нуктаи ишқ зи ағёр ниҳон бояд дошт,
Айниё, бар сари изҳор намебояд буд.