Дилбари гулъузори ман азми шикор мекунад,
Дилбари гулъузори ман азми шикор мекунад,
Оҳ, ба хуни ғайри ман даст нигор мекунад.
Аз пайи гашт меравад, ҷониби дашт меравад,
Ҳар қадаме, ки мениҳад, боғ баҳор мекунад.
Хандаи шаккарии ӯ шӯр ба базм медиҳад,
Шона ба зулф мезанад, хона татор мекунад.
Қавли рақиби фитнагар гӯш намекунад агар,
Дар паси чодар ин қадар ёр чӣ кор мекунад?
Ҳар ки дучор мешавад, ҷӯраи ёр мешавад,
Аз мани нотавон чаро ин ҳама ор мекунад?
Ё маҳи бевафои ман мешавад ошнои ман,
Ё сари бенавои ман тарки диёр мекунад.
Рози ниҳони ман ба халқ, оҳ, ки фош мешавад,
Ишқи ту оқибат сарам бар сари дор мекунад.
Дӯш ба базми дигарон гар нашудӣ зи май фароғ,
Наргиси мастат ин замон аз чӣ хумор мекунад?
Айнии бенавои ту то шуда мубталои ту
Бе ту ба дардҳои ту гуфтугузор мекунад.