Дил бе рухи ӯ сайри гулистон напазирад,
Дил бе рухи ӯ сайри гулистон напазирад,
Ҷон бе лаби ӯ лаъли Бадахшон напазирад.
Беҳуда ба дармони дилам саъй масозед,
Дарди дили ҳиҷронзада дармон напазирад.
Ҷону дилам омодаи қурбони нигоҳест,
Оҳ, ин чӣ ғурур аст, ки қурбон напазирад?!
Хун гиря кунад чарх ба фарёди гадое,
К-аз аҷз диҳад арзаю султон напазирад.
Аз заъф танам гашт чу пойи малах, аммо
Фарёд, ки аз ноз Сулаймон напазирад.
Ҷуз ҷон ҳама додем, валекин напазируфт,
Дигар чӣ тавон кард, агар ҷон напазирад.
Гар нек ва-гар бад, сари мову таки пояш,
Сад ҳайф, ки он сарвари хубон напазирад.
Гуфтам, шикани зулф ба товони дили мост,
Дардо, ки дили ғамзада товон напазирад.
Уммеди тамомӣ макун аз қиссаи Айнӣ,
Ин қиссаи ишқ аст, ки поён напазирад.