Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАСТИ ТУ МЕДОНАД

Замин бо осмон ҳамранг шуд, дасти ту медонад, Биёбон дар ҳама ҷо танг шуд, дасти ту медонад. Ситора бо гули боғу чаман чун рӯ ба рӯ гардид, Ҳасад бурданд бо ҳам, ҷанг шуд, дасти ту медонад. Суруд аз қаъри дил парвоз бинмуду ба олам рафт, Ба шӯр оранда ҳар оҳанг шуд, дасти ту медонад. Ба зидди ҷанг гардиданд халқон якдилу якҷон, Шафақ гулгун ба рӯи Ганг шуд, дасти ту медонад. Чи хушбахтист, ки бо мақсаду уммеди халқи ман, Дигар чархи фалак ҳамсанг шуд, дасти ту медонад.