БОЗ ҲАМ ДАР БОРАИ РӮДИ КӮҲӢ
Пеш гардад рӯди кӯҳӣ бехабар аз пушти сар,
Дар раҳи худ бар қафояш ҳеҷ н-андозад назар.
Аз намаш хуррам шавад дашту биёбони фарох,
Кӯҳсоронро кунад пайваста бо баҳри Хазар.
Рӯд гирад ибтидо аз кӯҳсорони қатор,
Деҳаҳову шаҳрҳоро рӯд орад навбаҳор.
Рӯд хушкидан надорад, ҳаст шӯху беқарор,
Модаре чун кӯҳ дорад дар мақомаш устувор.