ҚАЛАМ
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.
Аз халқ
Қалам гӯяд, ки асбоби шарифам,
Ба дасти ҳар зарифе ман зарифам.
Қалам гӯяд, ки инсонро азизам,
Ба дасти покдил афтам тамизам.
Қалам гӯяд, ки инсонро яроқам,
Яроқи иттифоқам ҳам нифоқам.
Агар афтам ба дасти ҳақшиносон,
Зи рӯи ҳақ кунам хизмат ба инсон.
Мусаххар бо сухан созам ҷаҳонро,
Намоям маҳрами дилҳо забонро.
Муҳаббатро, садоқатро сароям,
Ба ҳам пайванд ҷонҳоро намоям.
Намоям фарқ гулҳоро ман аз хор,
Намоям фарқ дилбар аз дилозор.
Диҳам ман сарбаландӣ мардҳоро,
Намоям дур аз дил дардҳоро.
Ба тасвир оварам ҳусни заминро,
Ҷаҳони нав, ҳаёти дилнишинро.
Кунам бедор ҳисси ошиқонро,
Бақои нав диҳам умри ҷавонро.
Агар ман бо қаламкаш дӯст монам,
Қаламкашро ба мақсудаш расонам.
Агар афтам ба дасти нохалаф ман,
Шавам тири маломатро ҳадаф ман.
Асир афтам агар бар дасти нокас,
Намоям зиндагониро мулаввас.
Ҷаҳон торик чун зиндон намоям,
Ҷафову ҷабр бар инсон намоям.
Дурӯғу рост бофам, ҳарза бофам,
Суханро тез созам, дил шикофам.
Агарчи ширро донам, сафед аст,
Вале гӯям сиёҳ асту палид аст.
Ба дасти нокасон гардам гирифтор,
Шаванд аз ман тамоми халқ безор.
Ба монанди аҷал оям ба ҳар дар,