Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

КӮҲ

Кӯҳ ором аст, аммо дар дилаш дорад шарар, Боду абри рӯзгорон аз сараш дорад гузар. Кӯҳ ором аст, доим кӯҳвор истодааст, Чашмаҳояш то ба уқёнусҳо дорад сафар. Чун баровардӣ садо, акси садо ояд зи кӯҳ, Гар ба сӯяш по ниҳодӣ, танг гирад дар камар. Кӯҳро бинӣ ҳамеша сарбаланду бевиқор, Дар фазояш пар занад танҳо уқоби тезпар. Нест мисли кӯҳ чизе пуртаҳаммул, пуртавон, Чунки дорад бар сараш байрақ зи хуршеди саҳар. Дар ҷавонӣ порае аз кӯҳ будам, баъд аз ин, Сад қасам, ки ман ҷудо аз ӯ намегардам дигар.