ДАР БОМИ ҶАҲОН
Зиндагонӣ мекунад тоҷик дар Боми Ҷаҳон,
Сарбаландиро нигар,
ҳамсоя шуд бо осмон.
Нуқра пошад гунбади сабз аз сараш шаб то саҳар,
Мисли домод аст тоҷики советӣ шодмон.
Аз сари Боми Ҷаҳон наззора дунё мекунем,
Дӯстиро бар ҳама пайваста илқо мекунем.
Дар миёни ирқҳо фарқи дигар боқӣ намонд,
Идҳои дӯстӣ якҷоя барпо мекунем.
Фарқ боқӣ монд,
байни бандаю мухтор монд,
Фарқ танҳо байни истиқлолу истеъмор монд,
Фарқ боқӣ монд ҳоло дар миёни адлу зулм,
Монд,
аммо чун матои куҳна аз бозор монд.