Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ТАНДЕС

Дар хилвати ғамовари қабристон, Бар ҷой истода, Лабханд мезанад. Лабханд дар гумони касон аст, Дандон ба ҳам фишурда Бонге ба дардро Пушти лабони баста нуҳуфтааст, Дар чашми бе нигоҳаш, Хомӯшии ҳазор нагуфтааст. В-инак, зи шӯхчашмии айём, Мондаст аз убури калоғони солу моҳ, Бар гӯшаи кулоҳаш Нақше ба ришханд. Рӯзе Дар солҳои дур Ӯро, Бо ёди зиндагонии аз даст рафтае, Ин ҷо нишондаанд, Аммо дар ин ғуруби ғарибистон, Бишнав зи лаҳни бе рамақи бод, Ҳар ёдкарди синаи гӯре кушудан аст. Тандес Худ ҳикояти талхи набудан аст!...