ҲАНӮЗ ОЁ... Ё
Чӣ фикрҳои ғамангез мезанад ба сарам,
Куҷоӣ, эй ки зи деринаҳои рафта ба бод?
Ҳанӯз ёди ту бо корвони роҳ задаст,
Ҳанӯз оё дар гӯшае аз ин дунё,
Замин ба рақси хиромидани ту менигарад?
Ба ноз меравию гул ба сабза мегӯяд:
Бубин, ки мегузарад!
Ҳанӯз...
Аммо ҳанӯз оё ҳастӣ?
Ё...
Клан, озармоҳи 1389