Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

НОЁФТА

Рӯзгоре дили рамидаи ман Аз ду гулчеҳра бӯсае мехост, Он яке сар кашиду ноз афзуд В-ин яке бӯса доду базм орост. Ин яке аз шароби бӯсаи хеш Кард саршори мастии тарабам. В-он яке дар сароби ваъдаи дур, Медавонад ҳанӯз ташналабам. Бӯсаҳое, ки ин яке додаст, Гарчи ширинтар аз маю шакар аст. Дили девона боз мегӯяд: Лаззати он надода бештар аст.