Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БО БӮСАИ БАРОДАРӢ

Беҳуда гумон мебаранд, Ки ман ба рӯи ту теғ хоҳам кашид, рафиқ! Ва ё дари хонаамро ба рӯи ту хоҳам баст. Кӣ теғ кашидааст ба рӯи дӯст? Ва кӣ бастааст Даричаи пилкҳои хешро Ба рӯи рӯшноии чашм? Беҳуда гумон мебаранд, Ки ман рӯ дар рӯи ту хоҳам истод Ва нангу номро Хоҳам бурд аз ёд. Ман теғеро, Ки бо хуни бародарам Ва ашки модарам Об доданд, Нахоҳам кашид Ҷуз ба рӯи душман Ва нахоҳам истод Рӯ дар рӯи ту Ҷуз барои бӯса додан. Оҳ, мо теғ нахоҳем кашид, Ба рӯи рафиқе, Ки ҳангоми озодӣ ба хонаи мо меояд! Ва оташ нахоҳем кушуд Ба сӯи парчаме, Ки бо нишони путку дос, Ҳамранги хуни мост.