Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОҲ, ОЙИНА

Ӯро зи гесӯвони баландаш шинохтанд, Эй хок, ин ҳамон тани пок аст? Ин сон ҳамин хулосаи хок аст? Вақте ки шона мезад, Анбуҳи гесӯвони баландашро, То дурдасти ойина меронд, Андешаи хаёлписандашро. Ӯ бо саломи субҳ, Хандон гуле зи ойина мечид. Дасте ба гесӯвонаш мебурд, Шабро канор мезад. Хуршедро дар ойина медид, Андешаи баромадани рӯз, Бороне аз ситора фурӯ мерехт. Дар осмони чашми ҷавонаш, Он гоҳ он табассуми ширин, Дар мекушуд бар рухи ойина, Аз боғи офтобии ҷонаш, Дуздони кӯри ойина, афсӯс, Он чашми меҳрубонро Аз остони субҳ рабуданд. Оҳ, эй баҳори сӯхта, Хокистари ҷавонӣ, Тасвири баркашидаи ойинаи тиҳӣ, Бо ёди гесӯвони баландат, Ойина дар ғубори саҳар оҳ мекашад, Мурғони боғ беҳуда хонданд, Ҳангоми гул набуд.