ДЕБОЧАИ ХУН
На, ҳаросе нест,
Ман ҳазорон бор,
Тирборон шудаам
Ва ҳазорон бор
Дили зебои маро аз дор овехтаанд.
Ва ҳазорон бор
Бо шаҳидони тамоми торих,
Хуни ҷӯшони маро
Ба замин рехтаанд.
Саргузашти дили ман,
Зиндагиномаи инсон аст,
Ки лабаш дӯхтаанд,
Зиндааш сӯхтаанд
Ва ба дораш задаанд.
Оҳ, эй Бобаки Хуррамдин,
Ту Лумумборо медидӣ
Ва Лумумбо медид.
Марги хунини маро дар Бӯливӣ.
Рози сарсабзии Ҳаллоҷ ин аст:
Реша дар хун шустан,
Боз аз хун растан.
Дар Ветном ҳазорон бор,
Зери теғи ҷаллод
Захм бардоштаам.
В-андар он оташу хун,
Боз чун парчами фатҳ,
Қомат афроштаам.
Оҳ, эй озодӣ,
Дергоҳест, ки аз Индунезӣ то Шилӣ,
Хоки ин дашти ҷигарсӯхта бо хуни ту меомезад,
Дергоҳест, ки аз пайкари маҷруҳи Фаластин шабу рӯз,
Хун фурӯ мерезад
Ва ҳанӯз аз Лубнон,
Дуд бармехезад.
Солҳо пеш маро бо кайвон куштанд,
Шоҳ ҳаррӯз маро мекушт.
Ва ҳанӯз
Дасти шоҳона дароз аст паи куштани ман,