ПАРДА АФТОД
Парда афтод,
Саҳна хомӯш,
Осмону замин монда мадҳуш,
Нақшҳо, рангҳо чун маҳу дуд,
Рафта барбод,
Монда дар пардаи гӯш,
Рақси хомӯши фарёд.
Парда афтод,
Саҳна хомӯш
В-аз шигифти ин рангу найранг,
Ханда ях баста бар лаб,
Гиря хушкида дар чашм.
Парда афтод,
Саҳна хомӯш
В-он намоиш,
Ки ҳамчун фиребанда хобе шигифт,
Дил аз ман ҳамебурд поён гирифт.
Ва ман,
Ки бозигари моти ин саҳна будам,
Чу марди фусунбастаи хоббанд,
Ки чашм аз шикасти фусун баркушояд,
Ба ҷои тамошогарон ёфтам хешро.
Шигифто!
Киро бахти он додаанд,
Тамошогари бозии хеш бошад?
В-аз ин гуна чун ман тарошад,
Фиреби дили хештанро,
Ки охир раги ҷон харошад.
Бале,
Парда афтоду поён гирифт,
Фусункории ин шаби бедиранг
Ва ман дар шигифт,
Ки чун кӯдакон,
Бихандам бар ин хоби афсонаранг?
Ва ё дар нуҳуфти дили танги хеш,
Бигирям ба андуҳи ин саргузашт?