БАР САНГИ ЧАШМИ Ӯ
Бар сари гӯре, ки рӯзе буд оташгоҳи ишқи ман
В-аз лаҳиби орзуе равшану хуштоб,
Шуъла меафрошт
В-инак аз хокистаре пӯшида,
К-аз вай ҷуз хомӯшӣ чашм натвон дошт.
Мечакад ашки нигоҳам талх,
Мечакад ашки нигоҳам низ дар он ҷоми заҳрогин,
К-аз шаранги бӯса лабрез аст
В-аз фусуне тоза мехонад маро ҳар дам, ки
Боз о, ин чӣ парҳез аст?
В-аз ниҳеби гӯри сарди чашми ӯ,
К-андар он ҳар гуна уммеде фурӯ мурдаст,
Пой вопас мениҳам,
Бениёзи бӯсае пуршӯр,
К-аз фиребе тоза мерақсад дар он лабханд,
Бе ниёз аз хандае дилбанд.
К-аз фусуне тоза меҷӯшад дар он овоз,
Мечакад ашки нигоҳам боз,
Бар сари гӯре, ки рӯзе буд оташгоҳи ишқи ман
В-инак аз хокистари андуҳ пӯшидаст.
Дар миёни ин хамӯшободи беҳосил,
Дар сукути чираи ин шоми бефарҷом.
Мечакад ашки нигоҳам бар мазори дил,
Месарояд қиссаи дарди маро бо санг.
Чашми ӯ
Бо ғаме, к-андар дилам зад чанг
В-аз палоси ҳастиам бигсехт тору пуд,
Меравам, мегӯямаш бидрӯд.
В-аз нигоҳи хаставу пажмурда чун маҳтоби поизи малолангез,
Мегузорам бар мазори орзуҳоям гуле вайрон,
Ёдгори он умеди гумшуда, он ишқи ёдовез.