ҒАЗАЛИ КУҲНА
Надонамат, ки чун ин моҷаро тамом кунӣ,
Аз ин сарои куҳан роҳии куҷом кунӣ?
Дар ин ҷаҳони ғарибам аз он раҳо кардӣ,
Ки бо ҳазор ғаму дард ошном кунӣ.
Басам навои хуш омӯхтию охири умр,
Салоҳи кор чӣ дидӣ, ки бенавом кунӣ.
Чунин абас нигаҳам доштӣ ба умри дароз,
Ки аз мулозимати ҳамраҳон ҷудом кунӣ.
Ту худ ҳар ойина ҷуз ашку хун нахоҳӣ дид,
Гарат ҳавост, ки ҷоми ҷаҳоннамом кунӣ.
Маро, ки ганҷи ду олам баҳои мӯе нест,
Ба як пашиз наярзам, агар баҳом кунӣ.
Замона карду нашуд, дасти ҷавр ранҷа макун,
Ба сад ҷафо натавонӣ, ки бевафом кунӣ.
Ҳазор нақши навам дар замир меомад,
Ту хостӣ, ки чу Соя ғазалсаром кунӣ.
Лаби ту нуқтаи поёни моҷарои ман аст,
Биё, ки ин ғазали куҳнаро тамом кунӣ.