Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДАР ДОМИ КУФР

Ғайри ишқи ӯ, ки дардаш айни дармон гаштан аст, Ҳосили ҳар кори дигар ҷуфти ҳирмон гаштан аст. Хушдилӣ хоҳӣ паи ӯ гир, к-андар боғи меҳр, Субҳро аз бӯи ин гул завқи хандон гаштан аст. Шамъро з-он рӯ хуш афтодаст ин худсӯхтан, К-аз фанои тан ҳавои ӯ ҳама ҷон гаштан аст. То ниҳодӣ ганҷи рози ишқ худ дар хоки мо, Қудсиёнро мултамас ташриқи инсон гаштан аст. То сари зулфи ту шуд бозичаи дасти насим, Кору бори ҷамъи муштоқон парешон гаштан аст. Ҷом бишкастанду акнун вақти гул хун мехӯранд, Ҳосили он тавба кардан ин пушаймон гаштан аст. Аз лаби паймона гар сар меравад, лаб бармагир, Мардро аз ҷон гузаштан беҳ зи паймон гаштан аст. Соя, имони Халиле нест дар ин доми куфр, В-арна оташро ҳамон шавқи гулистон гаштан аст.