Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

НАҚШИ ДИГАР

Худовандо, диле дарё ба ман деҳ! Дар ӯ ишқе наҳангосо ба ман деҳ! Ҳарифонро бас омад қатрае чанд, Бигардон ҷому он дарё ба ман деҳ! Нигоро, нақши дигар бояд орост, Яке он килки нақшоро ба ман деҳ! Зи Маҷнунони дашти ошноӣ, Манам имрӯз, он Лайло ба ман деҳ! Ба чашми оҳувони чашми ғурбат, Ки сӯзи синаи найҳо ба ман деҳ! Таносоён балояш барнатобанд, Бале, ман гуфтам, он боло ба ман деҳ! Чу бо дарёдилон афтӣ, қадаҳ чист? Ба ҷоми осмон дарё ба ман деҳ! Гадоён ҳиммати шоҳона доранд, Ту бе он зевари зебо ба ман деҳ! Ғами дунё чӣ санҷад бо дили ман? Аз он ғамҳои бе дунё ба ман деҳ! Чӣ дилтанганд ин ойинарӯён? Диле дар сина бесимо ба ман деҳ! Ба ҷони Сояю дидори хуршед, Ки сабре дар шаби ялдо ба ман деҳ!