ҲАМЕША ДАР МИЁН
Н-омадагону рафтагон аз ду каронаи замон,
Сӯи ту медаванд, ҳон, эй ту ҳамеша дар миён.
Дар чамани ту мечарад оҳуи дашти осмон,
Гирди сари ту мепарад бози сапеди Каҳкашон.
Ҳар чӣ ба гирди хештан менигарам дар ин чаман,
Ойинаи замири ман ҷуз ту намедиҳад нишон.
Эй гули бӯстонсаро, аз паси пардаҳо даро,
Бӯи ту мекашад маро вақти саҳар ба бӯстон.
Эй ки ниҳон нишастаӣ, боғи даруни ҳастаӣ,
Ҳаста фурӯ шикастаӣ, к-ин ҳама боғ шуд равон.
Масти ниёз мешудӣ, пардаи ноз пас задӣ,
Аз дили худ баромадӣ, омадани ту шуд ҷаҳон.
Оҳ, ки мезанад бурун, аз сару сина мавҷи хун,
Ман чӣ кунам, ки аз дарун дасти ту мекашад камон?
Пеши вуҷудат аз адам, зиндаву мурдаро чӣ ғам?
К-аз нафаси ту дам ба дам мешунавем бӯи ҷон.
Пеши ту ҷома дар барам, наъра занад, ки дар барам,
Омадамат, ки бингарам, гиря намедиҳад амон.