Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ИН ИШҚ ЧӢ ИШҚ АСТ?

Ин ишқ чӣ ишқ аст, надонем, ки чун аст? Ақл асту ҷунун асту на ақл асту ҷунун аст. Фарзона чӣ дарёбаду девона чӣ донад, Аз мастии ин бода, ки ҳар рӯз фузун аст? Моҳест ниҳон бар сари ин баҳри парешон, К-ин мавҷи саросема баланд асту нагун аст. Ҳолею хаёлест, ки бар ақл ниҳад банд, Ин турфа чӣ оҳуст, к-аз ӯ шер забун аст? Он теғ куҷо буд, ки ногаҳ раги ҷон зад, Пинҳон натавон дошт, ки ин ҷо ҳама хун аст? Бо матлаъи абрӯи ту ҳуш аз сари ман рафт, Пайдост, ки байтулғазали чашми ту чун аст. Бо зулфи ту корам ба куҷо мекашад охир, Ҳоло, ки зи дастам сари ин ришта бурун аст, Соя, сухан аз нозукию хушбаданӣ нест, Ӯ худ ҳама ҷон аст, ки дар ҷома дарун аст. Бархез ба шайдоиву дар зулфи вай овез, Он бахт, ки мехостӣ аз вақт, кунун аст. Бо хилъати хокӣ талабӣ талъати хуршед, Рухсора барафрӯз, ки ӯ ойинагун аст.