Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БАҲОРИ СӮГВОР

На лаб кушоядам аз гул, на дил кашад ба набид, Чӣ бе нишот баҳоре, ки бе рухи ту расид? Нишони доғи дили мост лолае, ки шукуфт, Ба сӯгвории зулфи ту ин бунафша дамид. Биё, ки хоки раҳат лолазор хоҳад шуд, Зибаски хуни дил аз чашми интизор чакид. Ба ёди зулфи нагунсори шоҳидони чаман, Бубин дар ойинаи ҷӯйбори гиряи бед. Ба даври мо, ки ҳама хуни дил ба соғарҳост, Зи чашми соқии ғамгин кӣ бӯса хоҳад чид? Чӣ ҷои ман, ки дар ин рӯзгори бефарёд, Зи дасти ҷаври ту Ноҳид бар фалак нолид. Аз ин чароғи туам чашми рӯшноӣ нест, Ки кас зи оташи бедод ғайри дуд надид. Гузашт умру ба дил ишва мехарем ҳанӯз, Ки ҳаст дар паи шоми сиёҳ субҳи сапед. Кирост Соя дар ин фитнаҳо умеди амон? Шуд он замон, ки диле буд дар амони умед. Сафои ойинаи Хоҷа бин, к-аз ин дами сард, Нашуд мукаддару бар оҳи ошиқон бахшид.
БАҲОРИ СӮГВОР | Шоирон