ОЙИНА ДАР ОЙИНА
Мужда бидеҳ, мужда бидеҳ, ёр писандид маро,
Сояи ту бигаштаму бурд ба хуршед маро.
Ҷону дилу дида манам, гиряи хандида манам,
Ёри писандида манам, ёр писандид маро.
Каъба манам, қибла манам, сӯи ман оред намоз,
К-он санами қибланамо хам шуду бӯсид маро.
Партави дидори хушаш тофта дар дидаи ман,
Ойина дар ойина шуд дидамашу дид маро.
Ойина хуршед шавад пеши рухи равшани ӯ,
Тоби назар хоҳу бубин, к-ойина тобид маро.
Гавҳари гум буда нигар тофта бар фарқи малак,
Гавҳарии хуби назар омаду санҷид маро.
Нур чу фаввора занад, бӯса бар ин бора занад,
Рашки Сулаймон нигару ғайрати Ҷамшед маро.
Ҳар саҳар аз кохи карам, чунки фурӯ менигарам,
Бонги «лакалҳамд» расад аз маҳу Ноҳид маро.
Чун сари зулфаш накашам сар зи ҳавои рухи ӯ,
Бош, ки сад субҳ дамад з-ин шаби умед маро.
Партави бе пираҳанам, ҷон раҳо карда танам,
То нашавам Сояи худ боз набинед маро.