Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОЙИНАИ ШИКАСТА

Биёед, биёед, ки ҷони дили мо рафт, Бигирйед, бигирйед, ки он хандакушо рафт. Бар ин хок бияфтед, ки он лола фурӯ рехт, Бар ин боғ бигирйед, ки он сарв фаро рафт. Дар ин ғам бинишинед, ки ғамхор сафар кард, Дар ин дард бимонед, ки умеди даво рафт. Дигар шамъ маёред, ки ин ҷамъ пароканд, Дигар уд масӯзед, к-аз ин базм сафо рафт. Лаби ҷом мабӯсед, ки он соқии мо хуфт, Раги чанг бибурред, ки он нағмасаро рафт. Рухи ҳусн маҷӯед, ки он ойина бишкаст, Гули ишқ мабӯед, ки он бӯи вафо рафт. Навои найи ӯ буд, ки сӯзи ғазалам дод, Ғазал боз махонед, ки най сӯхт, наво рафт. Аз ин чашма манӯшед, ки пурхуни ҷигар гашт, Бад-ин ташна бигӯед, ки он оби бақо рафт. Сари роҳ нишастему нишастему шаб афтод, Бипурсед, бипурсед, ки он моҳ куҷо рафт? Зиҳӣ, Сояи иқбол, к-аз ӯ бар сари мо буд, Сару Соя махоҳед, ки он фарри ҳумо рафт.